Ҳар кӣ чизе дӯст дорад, ҷону дил бар вай гуморад

166

Ҳар кӣ чизе дӯст дорад, ҷону дил бар вай гуморад,
Ҳар кӣ меҳробаш ту бошӣ, сар зи хилват барнаёрад.

Рӯзе андар хокат афтам в-ар ба бодам меравад сар,
К-он ки дар пои ту мирад, ҷон ба ширинӣ супорад.

Ман на он суратпарастам, к-аз таманнои ту мастам,
Ҳуши ман, донӣ, кӣ бурдаст? Он ки сурат менигорад.

Умр, гӯяндам, ки зоеъ мекунӣ бо хубрӯён,
В-он ки манзуре надорад, умр зоеъ мегузорад.

Ҳар кӣ меварзад1 дарахте дар саробустони маънӣ,
Бехаш андар дил нишонад, тухмаш андар ҷон бикорад.

Ишқу мастурӣ набошад, пой, гӯ, дар доман овар,
К-аз гиребони маломат сар баровардан наёрад.

Гар ман аз аҳдат бигардам, ноҷавонмардам, на мардам,
Ошиқи содиқ набошад, к-аз маломат сар бихорад.

Боғ мехоҳам, ки рӯзе сарви болоят бибинад,
То гулат дар по бирезад в-арғавон бар сар биборад.

Он чӣ рафтор асту қомат, в-он чӣ гуфтору қиёмат?
Чанд хоҳӣ гуфт, Саъдӣ? Таййибот2 охир надорад.


1 Мепарварад.
2 Суханони покизаву дилпазир.


?>