Ҳар нуктае, ки гуфтам дар васфи он шамоил

307

Ҳар нуктае, ки гуфтам дар васфи он шамоил,
Ҳар к-ӯ шунид, гуфто: «Лиллоҳи дурру қоил».

Таҳсили ишқу риндӣ осон намуд аввал,
Охир бисӯхт ҷонам дар касби ин фазоил.

Ҳаллоҷ бар сари дор ин нукта хуш сарояд:
«Аз шофеӣ напурсанд амсоли ин масоил».

Гуфтам, ки «Кай бибахшӣ бар ҷони нотавонам?»
Гуфт: «Он замон ки набвад ҷон дар миёна ҳоил».

Дил додаам ба ёре, шӯхе, каше, нигоре,
Марзиятуссаҷоё, маҳмудатулхасоил.

Дар айни гӯшагирӣ будам чу чашми мастат
В-акнун шудам ба мастон чун абруи ту моил.

Аз оби дида сад раҳ тӯфони Нӯҳ дидам
В-аз лавҳи сина нақшат ҳаргиз нагашт зоил.

Эй дӯст, дасти Ҳофиз таъвизи чашмзахм аст,
Ё Раб, бибинам онро дар гарданат ҳамоил!