Ҳон, соими наволаи ин сифла мизбон

Ҳон, соими наволаи ин сифла мизбон,
З-ин бенамак або манеҳ ангушт дар даҳон.

Лаб тар макун ба об, ки талқ аст дар қадаҳ,
Даст аз кабоб дор, ки заҳр аст тавъамон!

Бо коми хушку бо ҷигари тафта даргузар,
Эдун, ки дар саросари ин сабз гулситон,

Кофур ҳамчу тал чакад аз дӯши шохсор,
Зайбақ чу об барҷаҳад аз нофи обдон.