Ҷавзо саҳар ниҳод ҳамоил баробарам

329

Ҷавзо саҳар ниҳод ҳамоил баробарам,
Яъне, ғуломи шоҳаму савганд мех(в)арам.

Соқӣ, биё, ки аз мадади бахти корсоз
Коме, ки хостам зи Худо, шуд муяссарам.

Ҷоме бидеҳ, ки боз ба шодии рӯи шоҳ
Пиронасар ҳавои ҷавонист дар сарам.

Роҳам мазан ба васфи зулоли Хизир, ки ман
Аз ҷоми шоҳ ҷуръакаши ҳавзи Кавсарам.

Шоҳо, агар ба арш расонам сарири фазл,
Мамлуки ин ҷанобаму мискини ин дарам.

Ман ҷуръанӯши базми ту будам ҳазор сол,
Кай тарки обхӯрд кунад табъи хӯгарам?

В-ар боварат намекунад аз банда ин ҳадис,
Аз гуфтаи Камол далеле биёварам:

«Гар барканам дил аз туву бародарам аз ту меҳр,
Он меҳр бар кӣ афганам, он дил куҷо барам?»

Мансур бин Музаффари ғозист ҳирзи ман
В-аз ин ҳуҷастаном бар аъдо музаффарам.

Аҳди аласти ман ҳама бо ишқи шоҳ буд,
В-аз шоҳроҳи умр бад-ин аҳд бигзарам.

Гардун чу кард назми Сурайё ба номи шоҳ,
Ман назми дур чаро накунам? Аз кӣ камтарам?

Шоҳинсифат чу туъма чашидам зи дасти шоҳ,
Кай бошад илтифот ба сайди кабутарам?

Эй шоҳи шергир, чӣ кам гардад, ар шавад
Дар сояи ту мулки фароғат муяссарам?

Шеърам ба юмни мадҳи ту сад мулки дил кушод,
Гӯӣ, ки теғи туст забони суханварам.

Бар гулшане агар бигузаштам чу боди субҳ,
Не ишқи сарв буду на ишқи санавбарам.

Бӯи ту мешунидаму бар ёди рӯи ту
Доданд соқиёни тараб як-ду соғарам.

Мастӣ ба оби як-ду инаб вазъи банда нест,
Ман солхӯрда пири хароботпарварам.

Бо сайри ахтари фалакам доварӣ басест,
Инсофи шоҳ бод дар ин қисса ёварам.

Шукри Худо, ки боз дар ин авҷи боргоҳ
Товуси арш мешунавад сити шаҳпарам.

Номам зи корхонаи ушшоқ маҳв бод,
Гар ҷуз муҳаббати ту бувад шуғли дигарам.

Шиблуласад* ба сайди дилам ҳамла карду ман,
Гар лоғарам, в-агар на, шикори ғазанфарам.

Эй ошиқони рӯи ту аз зарра бештар,
Ман кай расам ба васли ту, к-аз зарра камтарам?

Бинмо ба ман, ки мункири ҳусни рухи ту кист,
То дидааш ба газлики ғайрат бароварам.

Бар ман фитод сояи хуршеди салтанат
В-акнун фароғат аст зи хуршеди Ховарам.

Мақсад аз ин муомила бозортезияст,
Не ҷилва мефурӯшаму не ишва мехарам.


* Шиблуласад, яъне бачаи шер.