Ҷанг аз тарафи дӯст дилозор набошад

202

Ҷанг аз тарафи дӯст дилозор набошад,
Ёре ки таҳаммул накунад, ёр набошад.

Гар бонг барояд, ки саре дар қадаме рафт,
Бисёр магӯед, ки бисёр набошад.

Он бор, ки гардун накашад ёри сабукрӯҳ,
Гар бар дили ушшоқ ниҳад, бор набошад.

То ранҷ таҳаммул накунӣ, ганҷ набинӣ,
То шаб наравад, субҳ падидор набошад.

Оҳанги дарози шаби ранҷурии муштоқ
Бо он натавон гуфт, ки бедор набошад.

Аз дидаи ман пурс, ки хоби шаби мастӣ
Чун хостану хуфтани бемор набошад.

Гар даст ба шамшер барӣ, ишқ ҳамон аст,
К-он ҷо ки иродат бувад, инкор набошад.

Аз ман машунав дӯстии гул, магар он гоҳ
К-им пои бараҳна хабар аз хор набошад.

Мурғони қафасро аламе бошаду шавқе,
К-он мурғ надонад, ки гирифтор набошад.

Дил оинаи сурати ғайб аст, валекин
Шарт аст, ки бар оина зангор набошад.

Саъдӣ, ҳаявонро, ки сар аз хоб гарон шуд,
Дар банди насими хуши асҳор1 набошад.

Онро, ки басорат набувад, Юсуфи сиддиқ
Ҷое бифурӯшад, ки харидор набошад.


1 Ҷамъи саҳар.


?>