Он беҳ, ки назар бошаду гуфтор набошад

201

Он беҳ, ки назар бошаду гуфтор набошад,
То муддаъӣ андар паси девор набошад.

Он бар сари ганҷ аст, ки чун нукта ба кунҷе
Биншинаду саргашта чу паргор набошад.

Эй дӯст, баровар даре аз халқ ба рӯям,
То ҳеч касам воқифи асрор набошад.

Май хоҳаму маъшуқу заминею замоне,
К-ӯ бошаду ман бошаму ағёр набошад.

Пандам мадеҳ, эй дӯст, ки девонаи сармаст
Ҳаргиз ба сухан оқилу ҳушёр набошад.

Бо соҳиби шамшер мабодат сару коре,
Илло ба сари хештанат кор набошад.

Саҳл аст, ба хуни ман агар даст барорӣ,
Ҷон додани дар пои ту душвор набошад.

Моҳат натавон хонд бад-ин сурату гуфтор,
Маҳро лабу дандони шакарбор набошад.

В-он сарв, ки гӯянд ба болои ту монад,
Ҳаргиз ба чунин қомату рафтор набошад.

Мо тавба шикастем, ки дар мазҳаби ушшоқ
Сӯфӣ написанданд, ки хаммор1 набошад.

Ҳар пой, ки дар хона фурӯ рафт ба ганҷе,
Дигар ҳама умраш сари бозор набошад.

Аттор, ки дар айни гулоб аст, аҷаб нест,
Гар рахти баҳораш сари гулзор набошад.

Мардум ҳама донанд, ки дар номаи Саъдӣ
Мушкест, ки дар таблаи аттор набошад.

Ҷон дар сари кори ту кунад Саъдию ғам нест,
К-он ёр набошад, ки вафодор набошад.


1 Майгусор.