Ҷаҳон ба коми худованд боду дер зиёд

Ҷаҳон ба коми худованд боду дер зиёд,
Бар ӯ ба ҳеч ҳаводис замона даст мадод.

Дурусту рост кунод ин масал Худой варо:
Агар бибаст яке дар, ҳазор дар бикшод.

Худои арш ҷаҳонро чунин ниҳод ниҳод,
Ки гоҳ мардум шодону гаҳ бувад ношод.

……………………………………………………………..
Худой чашми бад аз мулки ту бигардонод!