Ҷаҳон

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад1,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ
Киштие соз, то бад-он гузарӣ!

ВАЗН: Рамали мусаммани махбун (фоилотун мафоилун, фоилун).

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: нигарӣ, гузарӣ.

РАДИФ: надорад.

Луғат:

1. Чашми хирад: чашми ақл, чашми ботин. Ин ҷо санъати ташхис ба кор рафтааст, шоир ба хираду дониш шахсият медиҳад ва онро ба мисоли инсоне ба тасаввур меоварад, ки чашм дорад.

Маънии қитъа: Ин ҷаҳон, ки мо дар он зиндагӣ дорем, пур аз розу муаммоҳост ва бо чашми зоҳирбин наметавон ба умқи он пай бурд. Бояд ба ин ҷаҳону сирру асрори он бо чашми ақл, чашми ботин нигарӣ ва аз ҳар ҳодисаву воқеаи он панд гирӣ. Ин ҷаҳон монанди дарёи паҳновару амиқ аст ва касе аз он метавонад ба осонӣ гузарад, ки аз накӯкорӣ киштие сохта бошад. Яъне, танҳо инсони накӯкор дар ин дунё ҳаққу ҳуқуқи зистан дорад.