Аввали дафтар ба номи Эзади доно

1

Аввали дафтар ба номи Эзади доно,
Сониъи парвардгор, ҳаййи тавоно.

Акбару аъзам, Худои оламу одам
Сурати хуб офариду сирати зебо.

Аз дари бахшандагию банданавозӣ
Мурғи ҳаворо насибу моҳии дарё.

Қисмати худ мехуранд мунъиму дарвеш,
Рӯзии худ мебаранд пашшаву анқо1.

Ҳоҷати мӯре ба илми ғайб бидонад,
Дар буни чоҳе, ба зери сахраи саммо2.

Ҷонвар аз нутфа мекунад, шакар аз най,
Барги тар аз чӯби хушку чашма зи хоро.

Шарбати нӯш офарид аз магаси наҳл3,
Нахли тановар кунад зи донаи хурмо.

Аз ҳамагон бениёзу бар ҳама мушфиқ,
Аз ҳама олам ниҳону бар ҳама пайдо.

Партави нури сародиқоти ҷалолаш4
Аз азамат моварои фикрати доно.

Худ на забон дар даҳони орифи мадҳуш
Ҳамду сано мекунад, ки мӯй бар аъзо.

Ҳар кӣ надонад сипоси неъмати имрӯз,
Ҳайф хурад бар насиби раҳмати фардо.

Бор Худоё, муҳайминию5 мудаббир,
В-аз ҳама айбе муқаддасию мубарро.

Мо натавонем ҳаққи ҳамди ту гуфтан
Бо ҳама каррубиёни6 олами боло.

Саъдӣ аз он ҷо ки фаҳми ӯст, сухан гуфт,
В-арна, камоли ту ваҳм кай расад он ҷо?!


1 Симурғ.
2 Санги бузургу сахт.
3 Занбӯри асал.
4 Саропардаҳои бузургию шукӯҳ.
5 Нигоҳбон.
6 Малоик ва фариштагон.