Азбаски маро давлати бедор кам аст

Азбаски маро давлати бедор кам аст,
Гуфтан натавон, ки то чӣ миқдор кам аст.
Ранҷест фироқат, ки камаш бисёр аст,
Айшест висоли ту, ки бисёр кам аст.