Азбаски чашм дорам, к-он маҳ зи дар дарояд

Азбаски чашм дорам, к-он маҳ зи дар дарояд,
Аз ҷо ҷаҳам, чу ногаҳ овози дар барояд.

Резам сиришки гулгун аз захмаи муғаннӣ,
Оре, равон шавад хун, бар раг чу наштар ояд.

Гармам зи оташи дил з-он сон ки гар дар ин таб
Паҳлу ниҳам ба бистар, дудам зи бистар ояд.

Он к-омадан ба кӯят кард ихтиёр як раҳ,
Беихтиёр гашта, сад бори дигар ояд.

Болини хоби роҳат созам бар остонат,
Шабҳо зи посбонат санге, ки бар сар ояд.

Аз авҷи ноз кам деҳ доман ба кас, ки бар каф
Ҳарчанд гул хуш ояд, бар бор хуштар ояд.

Ҳаст он даҳон нишоне аз оби Хизр, к-аз вай
Лабташна бозгардад, гар худ Сикандар ояд.

Бе лаъли ту нишоне бошад зи ашки Ҷомӣ,
Хун, к-аз дили суроҳӣ, дар чашми соғар ояд.