Бархез, то ба азми тамошо бурун равем

Бархез, то ба азми тамошо бурун равем,
Аз тангнои шаҳр ба саҳро бурун равем.

З-ин дом пой гиру каманди гулӯ фишор,
Чун саркаш оҳувон ба таки по бурун равем.

Ҳар ҷо, ки ҳаст ҷо, ҳама тангиву тирагист,
Ҷое, ки ҷо набуд, аз он ҷо бурун равем.

Чун қудсиён зи фарри таҷарруд кунем пар,
Паррон зи тоқи торами мино бурун равем.

Дар санглохи ҳирс шавад пай саманди азм,
Раҳ карда бар нишемани анқо1, бурун равем.

Бошад, ки аз кудурати ҳастӣ раҳем боз,
Бар каф гирифта ҷоми мусаффо, бурун равем.

Моро дар ин сулук чу мо нест монеъе,
Ҷомӣ, зарурат аст, ки бе мо бурун равем.


1 Анқо – мурғи афсонавӣ.