Бар сари кӯе, ки рӯзе сарви нози ман гузашт

Бар сари кӯе, ки рӯзе сарви нози ман гузашт,
Дар заминбӯсӣ ҳама умри дарози ман гузашт.

Буд беш аз ҳад ниёзам бо сагони ӯ, вале
Нози он бадхӯй бо ман аз ниёзи ман гузашт.

Қоматашро саҷда бурдам, чун баҳона ёфтам,
Дӣ чу масти ноз аз пеши намози ман гузашт.

Чашми гирёни ману хоки кафи пойи саге,
К-ӯ шабе аз кӯйи ёри дилнавози ман гузашт.

Шоҳи Ғазнин ҷон ҳамедод аз ғаму мегуфт: – «Нест
Умри ман ҷуз он чӣ дар васли Аёзи ман гузашт».

Сӯхт шамъ аз оташи андеша сар то пой дӯш,
Чун ба маҷлис қиссаи сӯзу гудози ман гузашт.

Ҷомиё, марди ҳақиқатбин ба маънӣ бурд роҳ,
Ҳар куҷо афсонаи ишқи маҷози ман гузашт.