Бе меҳри рухат рӯзи маро нур намондаст

38

Бе меҳри рухат рӯзи маро нур намондаст
В-аз умр маро ҷуз шаби дайҷур намондаст.

Ҳангоми видои ту зи бас гиря, ки кардам,
Дур аз рухи ту чашми маро нур намондаст.

Мерафт хаёли ту зи чашми ману мегуфт:
«Ҳайҳот аз ин гӯша, ки маъмур намондаст!»

Васли ту аҷалро зи сарам дур ҳамедошт,
Аз давлати ҳаҷри ту кунун дур намондаст.

Наздик шуд он дам, ки рақиби ту бигӯяд:
«Дур аз дарат он хастаи ранҷур намондаст».

Сабр аст маро чораи ҳиҷрони ту, лекин
Чун сабр тавон кард, ки мақдур намондаст!

Дар ҳаҷри ту гар чашми маро об намонад,
Гӯ, хуни ҷигар рез, ки маъзур намондаст.

Ҳофиз зи ғам аз гиря напардохт ба ханда,
Мотамзадаро доияи сур намондаст.