Бикшой, соқиё, ба лаби Шат сари сабӯй

Бикшой, соқиё, ба лаби Шат1 сари сабӯй,
В-аз хотирам кудурати бағдодиён бишӯй.

Муҳрам ба лаб неҳ аз қадаҳи май, ки ҳеҷ кас
З-абнои ин диёр наярзад ба гуфтугӯй.

Аз нокасон вафову мурувват тамаъ мадор,
Аз табъи дев хосияти одамӣ маҷӯй.

Дар роҳи ишқ зуҳду саломат намехаранд,
Хуш он ки бо ҷафову маломат гирифт хӯй.

Ошиқ, ки нақб зад ба ниҳонхонаи висол,
Дорад фароғате зи нафири сагони кӯй.

Берангӣ асту бесифатӣ васфи ошиқон,
Ин шева кам талаб зи асирони рангу бӯй.

Ҷомӣ, мақоми ростравон нест ин замин,
Бархез, то ниҳем ба хоки Ҳиҷоз рӯй!


1 Шат(т) – бузургтарин дарёи Ироқ, ки ба халиҷи Форс мерезад.