Бинол, булбул, агар бо манат сари ёрист

66

Бинол, булбул, агар бо манат сари ёрист,
Ки мо ду ошиқи зорему кори мо зорист.

Дар он замин, ки насиме вазад зи турраи дӯст,
Чӣ ҷойи дам задани нофаҳои тоторист?

Биёр бода, ки рангин кунем ҷомаи зарқ,
Ки масти ҷоми ғурурему ном ҳушёрист.

Хаёли зулфи ту пухтан на кори ҳар хомест,
Ки зери силсила рафтан тариқи айёрист.

Латифаест ниҳонӣ, ки ишқ аз ӯ хезад,
Ки номи он на лаби лаълу хатти зангорист.

Ҷамоли шахс на чашм асту зулфу оразу хол,
Ҳазор нукта дар ин корубори дилдорист.

Қаландарони ҳақиқат ба ним ҷав нахаранд
Қабои атласи он кас, ки аз ҳунар орист.

Бар остони ту мушкил тавон расид, оре,
Уруҷ бар фалаки сарварӣ ба душворист.

Саҳар карашмаи чашмат ба хоб медидам,
Зиҳӣ маротиби хобе, ки беҳ зи бедорист.

Дилаш ба нола маёзору хатм кун, Ҳофиз,
Ки растгории ҷовид дар камозорист.