Бишнав ин нукта, ки худро зи ғам озода кунӣ

481

Бишнав ин нукта, ки худро зи ғам озода кунӣ,
Хун хурӣ, гар талаби рӯзии нанҳода кунӣ.

Охируламр гили кӯзагарон хоҳӣ шуд,
Ҳолиё фикри сабӯ кун, ки пур аз бода кунӣ.

Гар аз он одамиёнӣ, ки биҳиштат ҳавас аст,
Айш бо одамие чанд паризода кунӣ?

Такя бар ҷойи бузургон натавон зад ба газоф,
Магар асбоби бузургӣ ҳама омода кунӣ.

Аҷрҳо бошадат, эй Хусрави шириндаҳанон,
Гар нигоҳе суйи Фарҳоди дилафтода кунӣ.

Хотират кай рақами файз пазирад? Ҳайҳот!
Магар аз нақши пароканда варақ сода кунӣ!

Кори худ гар ба карам бозгузорӣ, Ҳофиз,
Эй басо айш, ки бо бахти худодода кунӣ!

Эй сабо, бандагии Хоҷа Ҷалолуддин кун,
Ки ҷаҳон пурсуману савсани озода кунӣ!