Булбуле барги гуле хушранг дар минқор дошт

77

Булбуле барги гуле хушранг дар минқор дошт
В-андар он баргу наво хуш нолаҳои зор дошт.

Гуфтамаш: «Дар айни васл ин нолаву фарёд чист?»
Гуфт: «Моро ҷилваи маъшуқ дар ин кор дошт».

Ёр агар наншаст бо мо, нест ҷойи эътироз,
Подшоҳе комрон буд, аз гадое ор дошт.

Дарнамегирад ниёзу нози мо бо ҳусни дӯст,
Хуррам он, к-аз нозанинон бахти бархурдор дошт.

Хез, то бар килки он наққош ҷон афшон кунем,
К-ин ҳама нақши аҷаб дар гардиши паргор дошт.

Гар муриди роҳи ишқӣ, фикри бадномӣ макун,
Шайхи Санъон хирқа раҳни хонаи хаммор дошт.

Вақти он ширинқаландар хуш, ки дар атвори сайр
Зикри тасбеҳи малак дар ҳалқаи зуннор дошт.

Чашми Ҳофиз зери боми қасри он ҳурисиришт
Шеваи ҷанноту таҷрӣ таҳтиҳаланҳор* дошт.


* Боғҳое, ки дар онҳо наҳрҳо ҷорӣ аст; тавсифи боғҳои биҳишт аст, мазмуне, ки беш аз даҳ бор дар Қуръон бо ҳамин таъбир омада ва дар ин байт ишора ба ояи хоссе нест.