Вуҷуди мардуми доно мисоли зарри тилост

Вуҷуди мардуми доно мисоли зарри тилост,
Ки ҳар куҷо биравад, қадру қиматаш донанд.
Бузургзодаи нодон ба шаҳр вомонад,
Ки дар диёри ғарибаш ба ҳеч настонанд.