Гуфтам: Каям даҳону лабат комрон кунанд?

198

Гуфтам: Каям даҳону лабат комрон кунанд?
Гуфто: Ба чашм, ҳар чӣ ту гӯйӣ, ҳамон кунанд.

Гуфтам: Хироҷи Миср талаб мекунад лабат,
Гуфто: Дар ин муомила камтар зиён кунанд.

Гуфтам: Ба нуқтаи даҳанат худ кӣ бурд роҳ?
Гуфто: Ин ҳикоятест, ки бо нуктадон кунанд.

Гуфтам: Санампараст машав, бо самад нишин,
Гуфто: Ба кӯйи ишқ ҳам ину ҳам он кунанд.

Гуфтам: Ҳавои майкада ғам мебарад зи дил,
Гуфто: Хуш он касон, ки диле шодмон кунанд.

Гуфтам: Шаробу хирқа на ойини мазҳаб аст,
Гуфт: Ин амал ба мазҳаби пири муғон кунанд.

Гуфтам: Зи лаъли нӯшлабон пирро чӣ суд?
Гуфто: Ба бӯсаи шакаринаш ҷавон кунанд.

Гуфтам, ки хоҷа кай ба сари ҳаҷла меравад?
Гуфт: Он замон ки Муштарию Маҳ қирон кунанд.

Гуфтам: Дуои давлати ӯ вирди Ҳофиз аст,
Гуфто: Ин дуо малоики ҳафт осмон кунанд.