Дардо, ки даромад ба дарат пой ба сангам

Дардо, ки даромад ба дарат пой ба сангам,
Шуд пойи гузаштан зи сари кӯйи ту лангам.

Дар баставу девор баланд аст, бурун о,
К-аз тангдилӣ бо дару девор ба ҷангам.

Аввал рухи ман зард шуд, он гоҳ ба хун сурх,
Савдои ту гардонд басе ранг ба рангам.

Хилватгаҳи васл аст, макун банди қабо танг,
К-аз пераҳанат ҳам мани дилхаста ба тангам.

Шуд қомати ман чангу навои тарабам нест,
Сарриштаи васли ту наяфтод ба чангам.

Рӯйи ту маро ойинаи сунъи Илоҳист,
Гӯ, хатти ту мапсанд бар он ойина зангам.

Гуфтӣ, ки чу, Ҷомӣ, зи сари ҷон бигузар зуд,
Дар маърази ҳукми ту чӣ имкони дирангам?!