Дар хоки Байлақон бирасидам ба обиде

Дар хоки Байлақон бирасидам ба обиде,
Гуфтам: «Маро ба тарбият аз ҷаҳл пок кун!»
Гуфто: «Бирав, чу хок таҳаммул кун, эй фақеҳ,
Ё ҳар чӣ хондаӣ, ҳама дар зери хок кун!»