Ду чашми масти майгунат бибурд ороми ҳушёрон

451

Ду чашми масти майгунат бибурд ороми ҳушёрон,
Ду хоболуда бирбуданд ақл аз дасти бедорон.

Насиҳатгӯйро аз ман бигӯ, эй хоҷа, дам даркаш,
Чу сел аз сар гузашт, онро чӣ метарсонӣ аз борон?

Гар он соқӣ, ки мастонрост, ҳушёрон бидидандӣ,
Зи тавба тавба кардандӣ чу ман бар дасти хамморон.

Гарам бо солиҳон бе дӯст фардо дар биҳишт оранд,
Ҳамон беҳтар, ки дар дӯзах кунандам бо гунаҳкорон.

Чӣ бӯяст ин, ки ақл аз ман бибурду сабру ҳушёрӣ?
Надонам, боғи фирдавс аст ё бозори атторон.

Ту бо ин мардуми кӯтаҳназар дар чоҳи Канъонӣ,
Ба Миср о, то падид оянд Юсуфро харидорон.

Ало, эй боди шабгирӣ, бигӯй он моҳи маҷлисро:
Ту озодию халқе дар ғами рӯят гирифторон.

Гар он айёри шаҳрошӯб рӯзе ҳоли ман пурсад,
Бигӯ, хобаш намегирад ба шаб аз дасти айёрон.

Гарат борет, гузар бошад, нигаҳ бо ҷониби мо кун,
Напиндорам, ки бад бошад ҷазои хубкирдорон.

Касон гӯянд, чун, Саъдӣ, ҷафо дидӣ, таҳаммул кун,
Раҳо кун, то бимирам бар сари кӯи вафодорон.