Иди фитр аст, биё, то ба май ифтор кунем

Иди фитр аст, биё, то ба май ифтор кунем,
Идгаҳ хоки дари хонаи хаммор кунем.

Он чӣ дар савмаа з-ин пеш ниҳон мекардем,
Ин замон бо дафу най бар сари бозор кунем.

Шайхи саҷҷоданишинро ба сари роҳ барем,
Роҳиби майкадаро воқифи асрор кунем.

Орифе, зиндадиле раста зи худ гар ёбем,
Ҳама асрори ҳақиқат ба вай изҳор кунем.

Манъи воиз зи хурофот зи ғавғои авом
Натавонем, валекин ба дил инкор кунем.

Ёри мо шоҳиди ишқ омаду боқӣ ҳама ғайр,
Чанд рӯ тофта аз ёр, дар ағёр кунем?!

Нест ҷуз сурати девори ҷаҳон, Ҷомӣ, чанд
Пушт бар қиблаи ҷон, рӯй ба девор кунем?