Ин ҳикоят шунав, ки дар Бағдод

Ин ҳикоят шунав, ки дар Бағдод
Рояту пардаро халоф афтод.

Роят аз гарди роҳу ранҷи рикоб
Гуфт бо парда аз тариқи итоб:

Ману ту ҳарду ду ҳоҷатошонем,
Бандаи боргоҳи султонем.

Ман зи хидмат даме наёсудам,
Гоҳу бегоҳ дар сафар будам.

Ту на ранҷ озмудаӣ, на ҳисор.
На биёбону боду гарду ғубор.

Қадами ман ба саъй пештар аст,
Пас, чаро иззати ту бештар аст?

Ту бари бандагони маҳрӯӣ,
Бо канизони ёсуманбӯӣ.

Ман фитода ба дасти шогирдон,
Ба сафар пойбанду саргардон.

Гуфт: Ман cap бар остон дорам,
На чу ту cap бар осмон дорам.

Ҳар кӣ беҳуда гардан афрозад,
Хештанро ба гардан андозад.