Касе ба дидаи инкор агар нигоҳ кунад

Касе ба дидаи инкор агар нигоҳ кунад,
Нишони сурати Юсуф диҳад ба нохубӣ,
В-агар ба чашми иродат нигаҳ кунӣ дар дев,
Фариштает намояд ба чашми каррубӣ.