Кӯси реҳлат бикӯфт дасти аҷал

Кӯси реҳлат бикӯфт дасти аҷал,
Эй ду чашмам, видои сар бикунед.

Эй кафи дасту соиду бозу,
Ҳама тавдеи якдигар бикунед.

Бар мани уфтода душманком
Охир, эй дӯстон, гузар бикунед.

Рӯзгорам бишуд ба нодонӣ,
Ман накардам, шумо ҳазар бикунед.