Лаб кушодӣ, то сухан гӯйӣ, дури сероб рехт

Лаб кушодӣ, то сухан гӯйӣ, дури сероб рехт,
Турра афшондӣ, ки резад гард, мушки ноб рехт.

Бод гулбӯ, бода гулгун аст ё аз рашки ту
Бӯйи гул бар бод рафту ранги ӯ дар об рехт.

Гар маро куштӣ, чӣ ғам, кай бошад имкони дият1
Гӯсфандеро, ки хунаш ханҷари қассоб рехт?!

Нест ҷойи саҷда обидро, зи бас, к-аз дида хун
Бо хаёли тоқи абрӯи ту дар меҳроб рехт.

Дар тани покат дили сахт аз сипеҳри бевафост,
Сим бо пӯлод дар як қолиб он қаллоб рехт.

Вақти ман аз чошнии шарбати дардат хуш аст,
Вақти он кас хуш, ки дар коми ман ин ҷуллоб2 рехт.

Килки Ҷомӣ нахли Марям шуд, ки чун ҷунбиш намуд,
Тозаву тар меваҳо перомуни аҳбоб3 рехт.


1 Дият – хунбаҳо.
2 Ҷуллоб – шарбат, гулоб.
3 Аҳбоб – ҷамъи ҳабиб, дӯстон.