Май хоҳу гул афшон кун, аз даҳр чӣ меҷӯйӣ?

495

Май хоҳу гул афшон кун, аз даҳр чӣ меҷӯйӣ?
Ин гуфт саҳаргаҳ гул, булбул, ту чӣ мегӯйӣ?

Маснад ба гулистон бар, то шоҳиду соқиро
Лаб гирию рух бӯсӣ, май нӯшию гул бӯйӣ.

Шамшод хиромон кун в-оҳанги гулистон кун,
То сарв биёмӯзад аз қадди ту дилҷӯйӣ.

То ғунчаи хандонат давлат ба кӣ хоҳад дод,
Эй шохи гули раъно, аз баҳри кӣ мерӯйӣ?

Имрӯз, ки бозорат пурҷӯши харидор аст,
Дарёбу бинеҳ ганҷе аз мояи некӯйӣ.

Чун шамъи накӯрӯйӣ дар раҳгузари бод аст,
Тарфи ҳунаре барбанд аз шамъи накӯрӯйӣ.

Он турра, ки ҳар ҷаъдаш сад нофаи Чин арзад,
Хуш будӣ, агар будӣ бӯеш зи хушхӯйӣ.

Ҳар мурғ ба дастоне дар гулшани шоҳ омад:
Булбул ба навосозӣ, Ҳофиз ба ғазалгӯйӣ.