Ман истодаам, инак, ба хидматат машғул

350

Ман истодаам, инак, ба хидматат машғул,
Маро аз он чӣ, ки хидмат қабул ё на қабул?

На дасти бо ту даровехтан, на пои гурез,
На эҳтимоли фироқу на ихтиёри вусул.

Каманди ишқ на бас буд зулфи мафтулат1,
Ки рӯй низ бикардӣ зи дӯстон мафтул?

Ман онам, ар ту на онӣ, ки будӣ андар аҳд,
Ба дӯстӣ, ки накардам зи дӯстит удул2.

Маломатат накунам, гарчи бевафо ёрӣ,
Ҳазор ҷони азизат фидои табъи малул!

Маро гуноҳи худ аст, ар маломати ту барам,
Ки ишқ бори гарон буду ман залуми ҷаҳул3.

Гар ончи бар сари ман меравад зи дасти фироқ,
Алаттамом фурӯ хонам, ал-ҳадису ятул4.

Зи дасти гиря китобат наметавонам кард,
Ки менависаму дарҳол мешавад мағсул5.

Ман аз куҷову насиҳаткунони беҳудагӯй?
Ҳакимро нарасад кадхудоии баҳлул6.

Тариқи ишқ ба гуфтан наметавон омӯхт,
Магар касе, ки бувад дар табиаташ маҷбул7.

Асири банди ғаматро ба лутфи хеш бихон,
Ки гар ба қаҳр биронӣ, куҷо равад мағлул8?

На зӯри бозуи Саъдӣ, ки дасти қуввати шер
Сипар бияфканад аз теғи ғамзаи маслул9.


1 Тобдода, тобида.
2 Бозгашт.
3 Ишорат аст ба он, ки инсон бори амонати илоҳиро кашид ва Худованд ӯро залуми ҷаҳул (бисёр ситамгару нодон) тавсиф кардааст.
4 Агар бихоҳам, ҳадиси фироқи туро комил бигӯям, тӯлонӣ хоҳад буд.
5 Шуста.
6 Хирадманд, фарзона.
7 Сиришта, фитрӣ.
8 Дар ғулу занҷир афтода.
9 Шамшери баркашида аз ғилоф.