Марав ба хоб, ки хобат зи чашм бирбояд

280

Марав ба хоб, ки хобат зи чашм бирбояд,
Гарат мушоҳидаи хеш дар хаёл ояд.

Маҷоли сабр ҳамин буду мунтаҳои шикеб,
Дигар мапой, ки умр ин ҳама намепояд.

Чӣ армағоне аз он беҳ, ки дӯстон бинӣ?
Ту худ биё, ки дигар ҳеч дарнамебояд.

Агарчи соҳиби ҳуснанд дар ҷаҳон бисёр,
Чу офтоб барояд, ситора нанмояд.

Зи нақши рӯи ту машшота даст бозкашид,
Ки шарм дошт, ки хуршедро биёрояд.

Ба лутфи дилбари ман дар ҷаҳон набинӣ дӯст,
Ки душманӣ кунаду дӯстӣ бияфзояд.

На зиндаро ба ту майл асту меҳрбонию бас,
Ки мурдаро ба насимат равон биёсояд.

Дареғ нест маро, ҳар чӣ ҳаст дар талабат,
Диле чӣ бошаду ҷоне, чӣ дар ҳисоб ояд?

Чарову чун нарасад дардманди ошиқро,
Магар мутовиати дӯст, то чӣ фармояд.

Гар оҳи синаи Саъдӣ расад ба ҳазрати дӯст,
Чӣ ҷои дӯст, ки душман бар ӯ бибахшояд.