Машав эмин, ки тангдил гардӣ

Машав эмин, ки тангдил гардӣ,
Чун зи дастат диле ба танг ояд.
Санг бар бораи ҳисор мазан,
Ки бувад, к-аз ҳисор санг ояд.