Мо нагӯем баду майл ба ноҳақ накунем

378

Мо нагӯем баду майл ба ноҳақ накунем,
Ҷомаи кас сияҳу далқи худ азрақ накунем.

Айби дарвешу тавонгар ба каму беш бад аст,
Кори бад маслиҳат он аст, ки мутлақ накунем.

Рақами мағлата бар дафтари дониш назанем,
Сирри Ҳақ бар варақи шуъбада мулҳақ накунем.

Шоҳ агар ҷуръаи риндон на ба ҳурмат нӯшад,
Илтифоташ ба майи софи мураввақ накунем.

Хуш биронем ҷаҳон дар назари роҳравон,
Фикри асби сияҳу зини муғаррақ накунем.

Осмон киштии арбоби ҳунар мешиканад,
Такя он беҳ, ки бар ин баҳри муаллақ накунем.

Гар баде гуфт ҳасудею рафиқе ранҷид,
Гӯ: Ту хуш бош, ки мо гӯш ба аҳмақ накунем.

Ҳофиз, ар хасм хато гуфт, нагирем бар ӯ
В-ар ба ҳақ гуфт, ҷадал бар сухани ҳақ накунем.