Онро ки муяссар нашавад сабру қаноат

135

Онро ки муяссар нашавад сабру қаноат,
Бояд ки бибандад камари хидмату тоат.

Чун даст гирифтӣ, чӣ ғам аз душмани хунхор?
Гӯ, барқи маломат бизану кӯси шаноат1.

Гар худ ҳама бедод кунад, ҳеч магӯед,
Таъзиби дилором беҳ аз зулли шафоат2.

Аз ҳар чӣ ту гӯӣ, ба қаноат бишикебам,
Имкони шикеб аз ту муҳол асту қаноат.

Гар нусхаи рӯи ту ба бозор бароранд,
Наққош бибандад дари дуккони саноат.

Ҷон бар кафи даст омада, то рӯи ту бинад,
Худ шарм намеоядаш аз нанги бизоат.

Дарёб даме суҳбати ёре, ки дигар бор
Чун рафт, наёяд ба каманд он даму соат.

Инсоф набошад, ки мани хастаи ранҷур
Парвонаи ӯ бошаму ӯ шамъи ҷамоат.

Лекин чӣ тавон кард, ки қувват натавон кард
Бо гардиши айём ба бозуи шуҷоат.

Дил дар ҳавасат хун шуду ҷон дар талабат сӯхт,
Бо ин ҳама Саъдӣ хиҷил аз нанги бизоат.


1 Зиштӣ.
2 Дар азоби дилдор афтодан беҳтар аст аз хории хоҳиш.