Онӣ ки тамом аз намакат рехтаанд

Онӣ ки тамом аз намакат рехтаанд,
Зарроти вуҷудат зи намак бехтаанд.
Бо шираи ҷонҳо намак омехтаанд,
То ҳамчу ту сурате барангехтаанд.