Он кист, к-аз рӯи карам бо мо вафодорӣ кунад

191

Он кист, к-аз рӯи карам бо мо вафодорӣ кунад,
Бар ҷойи бадкоре чу ман як дам накукорӣ кунад.

Аввал ба бонги ною най орад ба дил пайғоми вай
В-он гаҳ ба як паймона май бо ман вафодорӣ кунад.

Дилбар, ки ҷон фарсуд аз ӯ, коми дилам нагшуд аз ӯ,
Навмед натвон буд аз ӯ, бошад, ки дилдорӣ кунад.

Гуфтам: «Гиреҳ нагшудаам з-он турра, то ман будаам»,
Гуфто: «Манаш фармудаам, то бо ту таррорӣ кунад».

Пашминапӯши тундхӯ аз ишқ нашнидаст бӯ,
Аз мастияш рамзе бигӯ, то тарки ҳушёрӣ кунад.

Чун ман гадои бенишон мушкил бувад ёре чунон,
Султон куҷо айши ниҳон бо ринди бозорӣ кунад?!

З-он турраи пурпечу хам, саҳл аст, агар бинам ситам,
Аз банду занҷираш чӣ ғам, ҳар кас, ки айёрӣ кунад?

Шуд лашкари ғам беадад, аз бахт мехоҳам мадад,
То фахри дин Абдуссамад, бошад, ки ғамхорӣ кунад.

Бо чашми пурнайранги ӯ, Ҳофиз, макун оҳанги ӯ,
К-он турраи шабранги ӯ бисёр таррорӣ кунад.