Он сиёҳчарда, ки ширинии олам бо ӯст

57

Он сиёҳчарда, ки ширинии олам бо ӯст,
Чашми майгун, лаби хандон, дили хуррам бо ӯст.

Гарчи шириндаҳанон подшаҳонанд, вале
Ӯ Сулаймони замон аст, ки хотам бо ӯст.

Рӯйи хуб асту камоли ҳунару домони пок,
Лоҷарам, ҳиммати покони ду олам бо ӯст.

Холи мушкин, ки бад-он орази гандумгун аст,
Сирри он дона, ки шуд раҳзани Одам, бо ӯст.

Дилбарам азми сафар кард, Худоро, ёрон,
Чӣ кунам бо дили маҷрӯҳ, ки марҳам бо ӯст?

Бо кӣ ин нукта тавон гуфт, ки он сангиндил
Кушт морову дами Исии Марям бо ӯст.

Ҳофиз аз муътақидон аст, гиромӣ дораш,
З-он ки бахшоиши бас рӯҳи мукаррам бо ӯст.