Он шакарханда, ки пурнӯш даҳоне дорад

174

Он шакарханда, ки пурнӯш даҳоне дорад,
На дили ман, ки дили халқи ҷаҳоне дорад.

Ба тамошои дарахти чаманаш ҳоҷат нест,
Ҳар кӣ дар хона чун ӯ сарви равоне дорад.

Кофирон аз бути беҷон чӣ таматтуъ1 доранд?
Боре он бут бипарастанд, ки ҷоне дорад.

Абруяш хам ба камон монаду қад рост ба тир,
Кас надидам, ки чунин тиру камоне дорад.

Иллат он аст, ки вақте сухане мегӯяд,
В-арна, маълум набудӣ, ки даҳоне дорад.

Ҳуҷҷат он аст, ки вақте камаре мебандад,
В-арна, мафҳум нагаштӣ, ки миёне дорад.

Эй ки гуфтӣ, марав андар паи хунхораи хеш,
Бо касе гӯй, ки дар даст иноне дорад.

Ишқ доғест, ки то марг наёяд, наравад,
Ҳар кӣ бар чеҳра аз ин доғ нишоне дорад.

Саъдиё, киштӣ аз ин мавҷ бадар натвон бурд,
Ки на баҳрест муҳаббат, ки кароне дорад.


1 Баҳра бурдан, бархурдор шудан.