Осудахотирам, ки ту дар хотири манӣ

602

Осудахотирам, ки ту дар хотири манӣ,
Гар тоҷ мефиристию гар теғ мезанӣ.

Эй чашми ақл хира дар авсофи рӯи ту,
Чун мурғи шаб, ки ҳеч набинад ба равшанӣ.

Шаҳре ба теғи ғамзаи хунхору лаъли лаб
Маҷрӯҳ мекунию намак мепароканӣ.

Мо хӯшачини хирмани арбоби давлатем,
Боре нигаҳ кун, эй ки худованди хирманӣ.

Гирам, ки барканӣ дили сангин зи меҳри ман,
Меҳр аз дилам чӣ гуна тавонӣ, ки барканӣ?

Ҳукм они туст, агар бикушӣ бе гунаҳ, валек
Аҳди вафои дӯст нашояд ки бишканӣ.

Ин ишқро завол набошад, ба ҳукми он-к
Мо покдидаему ту покизадоманӣ.

Аз ман гумон мабар, ки биёяд хилофи дӯст,
В-ар муттафиқ шаванд ҷаҳоне ба душманӣ.

Хоҳӣ, ки дил ба кас надиҳӣ, дидаҳо бидӯз,
Пайкони чархро сипаре бошад оҳанӣ.

Бо муддаъӣ бигӯй, ки мо худ шикастаем,
Муҳтоҷ нест панҷа, ки бо мо дарафканӣ.

Саъдӣ, чу сарварӣ натавон кард, лозим аст
Бо сахтбозувон ба зарурат фурӯтанӣ.