Охир, ай сарви хиромон, зи кадомин чаманӣ

Охир, ай сарви хиромон, зи кадомин чаманӣ,
Ки зи сар то қадам ошӯби дилу ҷони манӣ.

Лаб бибастам зи сухан, лек ба хилватгаҳи ҷон
Гоҳ дил бо туву гоҳе ту ба дил дар суханӣ.

Бинамо он тани нозук зи қабо, то ба чаман
Ғунча дигар накунад даъвии нозукбаданӣ.

Хуни мо хӯрда, чӣ озори дилам металабӣ,
Нӯш кардӣ майи мо, шиша чаро мешиканӣ?

Медиҳӣ ёдам аз он лоларух, ай боди баҳор?
Чанд оташ ба мани сӯхтадил мефиганӣ?

Ёр бемории ман диду басе фотиҳа хонд,
Лек шукронаи онро, ки наям зистанӣ.

Ҷомӣ, он шӯх ба хунрези ту гар теғ кашад,
Адаб он аст, ки гардан ниҳию дам назанӣ.