Пирона сар кашидам сар дар раҳи сагонат

Пирона сар кашидам сар дар раҳи сагонат,
Мӯйи сафед кардам ҷорӯби остонат.

Ай аз ҳилоли абрӯ бар офтоби тобон
Мушкин камон кашида, ман чун кашам камонат?

Кам зан гираҳ миёнро бар қасди ман, ки тарсам
Тоби гираҳ наёрад аз нозукӣ миёнат.

Лаъли ту ҷону ман ҳам дорам рамида ҷоне,
Биншин даме, ки бодо ҷонам фидои ҷонат.

Судам ҷабин ба роҳат, гуфтӣ: – Маҷӯ зиёнам,
Ё Раб, Худо бибахшад сабре бар ин зиёнат!

Ман кистам, ки чинам барге зи гулбуни ту,
Кошам халад ба сина хоре зи бӯстонат.

Як бӯса ваъда кардӣ, лаъли лабат замон1 шуд,
Худ лутф кун в-агарна бистонам аз замонат.

Хай2 пок кун, Худоро, аз рух, ки шуст моро
Лавҳи сабурӣ аз дил рухсори хунчаконат.

Дашноме аз забонат бошад муроди Ҷомӣ,
Ё аз забони он кас, к-ӯ гӯяд аз забонат.


1 Замон – зомин.
2 Хай – арақ, арақи бадан.