Рақам бар худ ба нодонӣ кашидӣ

Рақам бар худ ба нодонӣ кашидӣ,
Ки нодонро ба суҳбат баргузидӣ.
Талаб кардам зи доное яке панд,
Маро фармуд: Бо нодон мапайванд,
Ки гар донои даҳрӣ, хар бибошӣ,
Вагар нодонӣ, аблаҳтар бибошӣ.