Рақам мезад қалам васфи лаби лаъли ту бар коғаз

Рақам мезад қалам васфи лаби лаъли ту бар коғаз,
Қалам шуд найшакар в-аз найшакар ғарқи шакар коғаз.

Тунукдилро чӣ тоқат пеши таъни ҳосидон, оре
Наёрад тоби захми тир, чун бошад сипар коғаз.

Бувад, к-аз зери по бардориву хонӣ ғами худро,
Ба хуни дил нависам в-афканам дар раҳгузар коғаз.

Нашояд бар ту боди гарму сард, ай шамъ, мехоҳам,
Ки чун фонус созам хонаатро бому дар коғаз.

Ба коғазҳои рангин чун бувад моил дили тифлон,
Кунам дар номаи ту лаъл аз хунам ҷигар коғаз.

Паёми риққати худ дод дин аз кӯйи ту ҷонро,
Чу он ёре, ки бифристад ба ёре аз сафар коғаз.

Дили Ҷомӣ зи баҳри шеър бошад махзани гавҳар,
Аз он махзан ба доман мебарад, инак гуҳар коғаз.