Рӯй бинмою маро гӯ, ки зи ҷон дил баргир

257

Рӯй бинмою маро гӯ, ки зи ҷон дил баргир,
Пеши шамъ оташи парвона ба ҷон гӯ даргир.

Дар лаби ташнаи мо бину мадор об дареғ,
Бар сари куштаи хеш ою зи хокаш баргир.

Тарки дарвеш магир, ар набувад симу зараш,
Дар ғамат сим шумор ашку рухашро зар гир.

Чанг бинвозу бисоз, ар набувад уд, чӣ бок,
Оташи ишқу дилам уду танам миҷмар гир.

Дар самоъ ою зи сар хирқа барандозу бирақс,
В-арна, бо гӯша раву хирқаи мо дар сар гир.

Суф баркаш зи сару бодаи софӣ даркаш,
Сим дарбозу ба зар симбаре дар бар гир.

Дӯст, гӯ, ёр шаву ҳар ду ҷаҳон душман бош,
Бахт, гӯ, пушт макун, рӯйи замин лашкар гир.

Майли рафтан макун, эй дӯст, даме бо мо бош,
Бар лаби ҷӯй тараб ҷӯю ба каф соғар гир.

Рафта гир аз бараму з-оташу оби дилу чашм
Гунаам зарду лабам хушку канорам тар гир.

Ҳофиз, ороста кун базму бигӯ воизро,
Ки бибин маҷлисаму тарки сари минбар гир.