Сарамро макун з-остонат ҷудо

Сарамро макун з-остонат ҷудо,
Ки бо остони ту дорам саре.

Зи мискиниям нест ҷо пеши ту,
Зи ман ҳеҷ ҷо нест мискинтаре.

Шуд афзун зи афсуни ту сӯзи дил,
Дамидӣ даме, шуъла зад ахгаре.

Надорад фурӯғи рухат офтоб,
Чу маҳ нест тобанда ҳар ахтаре.

Буридӣ ба он ғамза пайванди васл,
Задӣ бар раги ҷон маро ништаре.

Зи майгун лабат дур Ҷомӣ мудом,
Зи хуни ҷигар мекашад соғаре.