Силсилаи мӯи дӯст ҳалқаи доми балост

47

Силсилаи мӯи дӯст ҳалқаи доми балост,
Ҳар кӣ дар ин ҳалқа нест, фориғ аз ин моҷарост.

Гар бизанандам ба теғ дар назараш бе дареғ,
Дидани ӯ як назар сад чу манаш хунбаҳост.

Гар биравад ҷони мо дар талаби васли дӯст,
Ҳайф набошад, ки дӯст дӯсттар аз ҷони мост.

Даъвии ушшоқро шаръ нахоҳад баён,
Гунаи зардаш далел, нолаи зораш гувост.

Мояи парҳезгор қуввати сабр асту ақл,
Ақл гирифтори ишқ, сабр забуни ҳавост.

Дилшудаи пойбанд гардани ҷон дар каманд,
Заҳраи гуфтор на, к-ин чӣ сабаб, в-он чарост?

Молики мулки вуҷуд, ҳокими радду қабул,
Ҳар чӣ кунад, ҷавр нест, в-ар ту бинолӣ, ҷафост.

Теғ барор аз миён, заҳр барафкан ба ҷон,
К-аз қибали1 мо қабул, в-аз тарафи мо ризост.

Гар бинавозӣ ба лутф, в-ар бигудозӣ ба қаҳр,
Ҳукми ту бар ман равон, заҷри ту бар ман равост.

Ҳар кӣ ба ҷаври рақиб ё ба ҷафои ҳабиб
Аҳд фаромуш кунад, муддаъии бевафост.

Саъдӣ, аз ахлоқи дӯст ҳар чӣ барояд, накӯст,
Гӯ, ҳама дашном гӯ, к-аз лаби ширин дуост.


1 Назд, пеш.