Соқӣ, баромад абри баҳорон

Соқӣ, баромад абри баҳорон,
Шуд сабзаву гул хуррам зи борон.

Жола гуҳар рехт дар ҷоми лола,
Лола алам зад бар кӯҳсорон.

Наргис кушода чашме бар ахтар,
Шаб то саҳар чун шабзиндадорон.

Саҳро гирифтанд хилватнишинон,
Паймон шикастанд парҳезгорон.

Хуш он ки гирад чун лола соғар
Бар рӯйи сабза бо гулузорон.

Карда бунафша бар фавти фурсат,
Дуроҳа нилӣ чун сӯгворон.

Ҷомӣ, ҳамуш кун, к-он тозагулро
Ҳамчун ту булбул бошад ҳазорон!