Танат ба нози табибон ниёзманд мабод!

106

Танат ба нози табибон ниёзманд мабод!
Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод!

Саломати ҳама офоқ дар саломати туст,
Ба ҳеч ориза шахси ту дардманд мабод!

Ҷамоли сурату маънӣ зи амни сиҳҳати туст,
Ки зоҳират дижаму ботинат нажанд мабод!

Дар ин чаман чу дарояд хазон ба яғмоӣ,
Раҳаш ба сарви саҳиқомати баланд мабод!

Дар он бисот, ки ҳусни ту ҷилва оғозад,
Маҷоли таънаи бадбину бадписанд мабод!

Ҳар он ки рӯи чу моҳат ба чашми бад бинад,
Бар оташи ту ба ҷуз ҷони ӯ сипанд мабод!

Шифо зи гуфтаи шаккарфишони Ҳофиз ҷӯй,
Ки ҳоҷатат ба илоҷи гулобу қанд мабод!