Ту худ ба суҳбати амсоли мо напардозӣ

578

Ту худ ба суҳбати амсоли мо напардозӣ,
Назар ба ҳоли парешони мо наяндозӣ.

Висоли мову шумо дер муттафиқ гардад,
Ки ман асири ниёзам, ту соҳиби нозӣ.

Куҷо ба сайди малах ҳимматат фуруд ояд,
Бад-ин сифат, ки ту бози баландпарвозӣ.

Ба ростӣ, ки на ҳамбозии ту будам ман,
Ту шӯхдида магас бин, ки мекунад бозӣ.

Зи дасти турки хитоӣ касе ҷафо чандон
Намебарад, ки ман аз дасти турки шерозӣ.

В-агар ҳалоки манат дархур аст, боке нест,
Қатили ишқ шаҳид асту қотилаш ғозӣ.

Кадом сангдил аст, он ки айби мо гӯяд?
Гар офтоб бибинӣ, чу мум бигдозӣ.

Муяссарат нашавад сирри ишқ пӯшидан,
Ки оқибат бикунад ранги рӯй ғаммозӣ.

Чӣ ҷурм рафт, ки бо мо сухан намегӯӣ?
Чӣ душманист, ки бо дӯстон намесозӣ?

Ман аз фироқи ту бе чора сайл меронам
Мисоли абри баҳору ту хайл метозӣ.

Ҳанӯз бо ҳама бадаҳдият дуогӯям,
Ки гар ба қаҳр биронӣ, ба лутф бинвозӣ.

Ту ҳамчу соҳиби девон макун, ки Саъдиро
Ба як раҳ аз назари хештан бияндозӣ.