Хез, то аз дари майхона гушоде талабем

368

Хез, то аз дари майхона гушоде талабем,
Ба раҳи дӯст нишинему муроде талабем.

Зоди роҳи ҳарами васл надорем, магар
Ба гадоӣ зи дари майкада зоде талабем.

Ашки олудаи мо гарчи равона-ст, вале
Ба рисолат суйи ӯ покниҳоде талабем.

Лаззати доғи ғамат бар дили мо бод ҳаром,
Агар аз ҷаври ғами ишқи ту доде талабем.

Нуқтаи холи ту бар лавҳи басар натвон зад,
Магар аз мардумаки дида мидоде талабем.

Ишвае аз лаби ширини ту дил хост ба ҷон,
Ба шакарханда лабат гуфт: «Мазоде талабем!»

То бувад нусхаи атре дили савдозадаро,
Аз хати ғолиясои ту саводе талабем.

Чун ғаматро натавон ёфт магар дар дили шод,
Мо ба уммеди ғамат хотири шоде талабем.

Бар дари мадраса то чанд нишинӣ, Ҳофиз?
Хез, то аз дари майхона гушоде талабем.